Муовини директор оид ба илм ва инноватсия

МАХТУБОВА СИТОРАМО МАДАСАНОВНАмуовини директор оид ба илм ва инноватсия

МАХТУБОВА Ситорамо Мадасановна (таваллуд 13.04.1976, деҳаи Шурообод, Ҷ/д Шурообод, ноҳияи Шурообод (ҳоло ноҳияи Шамсиддин Шоҳин)-и вилояти Хатлон), омӯзгор, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2018). Хатмкардаи ихтисоси педагогика ва методикаи таълими ибтидоии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2007). Котиба-машинисткаи идораи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (1994-1999), коргузори идораи таҳририя ва матбааи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (1999-2002), котиби идораи нозироти андози ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (2002-2003), котиби раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (2003-2004), сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (2004-2005), коргузори шуъбаи САҲШ-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (2005-2006), мутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (2006-2007), сармутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (2007-2008), мудири кабинети методии бахши синфҳои ибтидоии Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои омӯзгории гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоби вилояти Хатлон (ҳоло Филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Кӯлоб) (2008), мудири бахши кадрҳои Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои омӯзгории гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоби вилояти Хатлон (ҳоло Филиал), (2009-2015), муовини директор оид ба корҳои таълимӣ ва илмӣ-методии Филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Кӯлоб (2015-2025), муовини директор оид ба илм ва инноватсияи Филиали  Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Кӯлоб (2025 то инҷониб) кор ва фаъолият намудааст.

Оиладор соҳиби 1 фарзанд.