Кафедраи методикаи таълими фанҳои гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ

РАҶАБОВА СУРАЙЁ –мудири кафедраи методикаи таълими фанҳои гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ

Кафедраи методикаи таълими фанҳои гуманитарӣ ва табиӣ-риёзии Филиали Муассисаи давлатии  “Донишкадаи  ҷумҳуриявии  такмили ихтисос  ва  бозомӯзии  кормандони соҳаи  маориф”  дар  шаҳри  Кӯлоби вилояти Хатлон  кори  худро дар  асоси  нақша-чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи кории кафедра, нақшаи тақвимии курсҳои такмили ихтисос ва семинарҳои мақсаднок ба роҳ монда,  бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Низомномаи намунавии таҳсилоти миёнаи умумӣ, Консепсияи миллии маълумот, Қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори  Шурои  олимон ва  фармоишҳои  Ректори Муассисаи давлатии “Донишкадаи  ҷумҳуриявии такмили  ихтисос ва бозомӯзии  кормандони  соҳаи  маориф” ба роҳ монда як  қатор корҳо ба сомон расониданд.

Самти корҳои илмии кафедра фаррох буда, таҳия ва нашри маводҳои илмӣ-методии омӯзгорон дар рӯзномаву маҷаллаҳои соҳавӣ ба нашр расонида мешаванд.

Дар кафедра омӯзиши фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ, математика, биология, химия, технологияи иттилоотӣ, таърих ва ҳуқуқ, таърихи дин, география, экология, физика ва астрономия, алифбои ниёгон ва матни классикӣ, асосҳои иқтисодиёт, инчунин машғулиятҳо барои муовинони директор оид ба корҳои таълимӣ, муовинони директор оид ба корҳои тарбиявӣ ва директорони МТМУ ба роҳ монда шудааст, ки заминаи дониши омӯзгоронро такмил медиҳанд.