Муовинони директор оид ба корҳои таълимӣ-методӣ

РУСТАМЗОДА Саидакрам Рустам 
— муовини директор оид ба корҳои таълимӣ — методӣ

РУСТАМЗОДА
Саидакрам Рустам (Умаров Саидшо Рустамович), (таваллуд 20.10.1998, деҳаи Саричашмаи Ҷ/д Кӯлоби шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон), омӯзгор, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2025). Хатмкардаи ихтисоси забон ва адабиёти  тоҷики факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абдуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2020), омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики МИҶКЯ дар шаҳри Кӯлоб (2020-2021), магистранти факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи ДДК ба номи А.Рӯдакӣ (2020-2023), хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон (2021-2022), докторанти PhD-и ихтисоси адабиётшиносии ДДК ба номи А.Рӯдакӣ (2023 то инҷониб). Омӯзгори калони кафедраи методикаи таълим дар муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Кӯлоб (2022-2023), мутахассиси шуъбаи кадрҳо ва котиботи Филиали Донишкада дар шаҳри Кӯлоб (2023-2024), мудири кафедраи методикаи таълим дар муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии ҳамин муассиса (2024-2025) ва аз моҳи феврали соли 2025 муовини директор оид ба корҳои таълимӣ-методии Филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Кӯлоб шуда кор карда истодааст. 

            Дар мавзуи “Таърихи эҷоди повести “Паррончакҳо”-и Абдулҳамид Самад” рисолаи илмӣ навишта истодааст. Тадқиқоти илмии ӯ ба масъалаи муҳимии илми матншинос, ки яке аз қисматҳои асосии илми ададбиётшиносӣ маҳсуб меёбад, бахшида шудааст. Муаллиф ва ҳаммуаллифии 1 дастури методӣ, 10 мақолаи илмӣ, илмӣ-методӣ ва оммавӣ мебошад.

Оиладор соҳиби 2 фарзанд.