Шуъбаи муҳосибот ва иқтисод

МУСОЕВ ЭҲТИРОМ БОБОХОҶАЕВИЧ-cармуҳосиб  шуъбаи муҳосибот ва иқтисод

Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» ва бо мақсади ба танзим даровардани пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самти фаъолияти молиявии шуъбаи мазкур, ҷорӣ намудани тарзу усулҳои пешрафтаи баҳисобгирии муҳосибӣ тавассути истифодаи васеъи воситаҳои техникию электронии ҳозиразамон, иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва молиявии ба фаъолият дахлдоштаро ташкил, назорат ва якҷоя бо кормандон таъмин менамояд.

Ҳамзамон ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳисобгирии пурраи воситаҳои пулӣ, сарватҳои молию моддӣ ва воситаҳои асосӣ, инчунин инъикоси саривақтии онҳо дар ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии муҳосибии амалиёти марбут ба онҳо, ҳисоби дақиқи музди меҳнати кормандон ва пардохти саривақтии он дар асоси санадҳои меъёри ҳуқуқии баҳисобгирии молияви.

Дар таркиби шуъбаи муҳосибот ва иқтисоди филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Кӯлоб назорати дохилии ҳуҷҷатҳои молияви  амал мекунад.

Шуъба тибқи ҷадвали басти воҳидҳои кории тасдиқшуда аз 2 нафар иборат мебошад:

  1. Мудири шуъба
  2. Муҳосиб-амалиётгар

— ҷорӣ намудани тарзу усулҳои пешрафтаи баҳисобгирии муҳосибӣ тавассути истифодаи васеъи воситаҳои техникию электронии ҳозиразамон

 — ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

 — баҳисобгирии пурраи воситаҳои пулӣ, сарватҳои молию моддӣ ва воситаҳои асосӣ, инчунин инъикоси саривақтии онҳо дар ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии муҳосибии амалиёти марбут ба онҳо

 — ҳисоби дурусти хароҷоти истеҳсолӣ ва муомилот, иҷрои сметаҳои хароҷот, фурӯши маҳсулот, иҷрои корҳои сохтмонию васлкунӣ ва дигар кору хизматрасониҳо, тартиб додани нархномаи ҳисоботии арзиши аслии маҳсулот, кор ва хизматрасонии аз ҷиҳати иқтисодӣ асосноккардашуда

 — ба, роҳ мондани баҳисобгирии аниқи натиҷаҳои фаъолияти молиявию хоҷагии ташкилотҳо;

— дуруст ҳисоб намудан ва сари вақт гузаронидани пардохтҳо ба буҷет, ҳиссаҷудокуниҳо ба суғуртаи иҷтимоии давлатӣ ва маблағҳо барои маблағгузории асосӣ, дар мӯҳлатҳои муқарраргардида пардохт намудани қарзи бонкҳо ва ҳиссаҷудокунӣ ба фондҳои марбута, аз ҷумла фонди хайрия;

— иштирок дар кори воҳиди ҳуқуқии дохилисоҳавӣ ҷиҳати тартиб додани мавод аз рӯи камомад ва азонихудкунии воситаҳои пулӣ ва сарватҳои молию моддӣ ва дар мавриди зарурӣ назорати супоридани ин мавод ба мақомоти тафтишотӣ ва судӣ ва дар сурати набудани воҳиди ҳуқуқӣ, бевосита иҷро намудани ин вазифаҳо

 — санҷиши баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии муҳосибӣ дар воҳидҳои истеҳсолии (сохтории) ташкилотҳо, инчунин дар истеҳсолот ва хоҷагиҳое, ки тавозуни алоҳида доранд, оид ба масъалаҳои муҳосибӣ, назорати ҳисобот ва таҳлили иқтисодӣ сари вақт додани дастуру тавсияҳо

 — тартиб додани ҳисоботи муҳосибии саҳеҳ дар асоси ҳуҷҷатҳои аввалия ва қайдҳои муҳосибӣ ва дар мӯҳлатҳои муқарраргардида ба мақомоти дахлдор пешниҳод намудани он

 — бо мақсади муайян намудани захираҳои дохилихоҷагӣ, пешгирӣ намудани талафот ва хароҷотҳои ғайриистеҳсолӣ, аз рӯи маълумоти баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ (дар ҳамкорӣ бо дигар воҳидҳои таркибӣ) амалӣ намудани таҳлили иқтисодии фаъолияти молиявию хоҷагии ташкилотҳо;

— иштироки фаъоли кормандони баҳисобгирии муҳосибӣ дар таҳия ва татбиқи чорабиниҳои ба риояи интизоми давлатӣ ва мустаҳкамгардонии ҳисоби хоҷагӣ равонагардида

 — дар ҳамкорӣ бо дигар воҳидҳои сохторӣ ва воҳидҳои тобеъ дар воҳидҳои истеҳсолии ташкилотҳо, инчунин дар истеҳсолот ва хоҷагиҳое, ки тавозуни алоҳида доранд, сари вақт гузаронидани санҷиш ва таҳлили ҳуҷҷатии фаъолияти молиявию хоҷагӣ ва омода намудани таклифҳо оид ба беҳтаргардонии фаъолияти онҳо

 — маҳфуз нигоҳ доштани ҳуҷчатҳои муҳосибӣ, ба расмият даровардан ва тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бойгонӣ супоридани онҳо

 — додани аҳамияти ҷиддӣ ба босифат тартиб додани ҳуҷҷатҳои пардохтӣ, роҳ надодан ба ислоҳ намудани ҳуҷҷат баъд аз имзои роҳбари ташкилот;

— таъин намудани шахси масъул барои ба ташкилоти бонкӣ ва хазинадории марказӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои пардохтӣ

 — такмили мунтазами сатҳи дониши худ доир ба донистани қонунгузории соҳаи молия, хазинадорӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

— ба сохтори назорати дохилии ташкилот пешниҳод намудани маълумот ва гузоришҳои дахлдор.

Шуъбаи муҳосибот ва иқтисоди филиали  Донишкада самти калидии молиявии буда, мақсади ниҳоии он фаъолияти муваффақиятноки мақоми мазкур, баланд бардоштани қаноатмандии касбию моддии ҳар корманд ва муассиса, нигоҳдори ва устувор гардидани пешбурди фаъолияти самаранок мебошад.