Шуъбаи кадрҳо ва котибот

ХОЛОВ МУҲАММАДҶОН ФАЙЗУЛЛОЕВИЧМУДИРИ ШУЪБАИ КАДРҲО ВА КОТИБОТ

Дар фаъолияти давлатӣ сиёсати кадрӣ яке аз муҳимтарин самти фаъолият ба шумор рафта, дар татбиқи сиёсати кадрӣ ва ҷобаҷогузории ҳайати кормандон нақши калон мебозад. Ин сиёсат бояд аз мақомоти олии давлатӣ шурӯъ шуда, то ба зинаҳои поёнии ташкилоту муассисаҳо рафта расад. Он маҷмӯи чорабиниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии давлатӣ буда, фалсафаи он аз идоракунии илмию амалии захираҳои инсонӣ, зеҳнию ақлӣ ва меҳнатӣ иборат мебошад.

Татбиқи дурусти сиёсати кадрӣ ва дуруст ҷо ба ҷо намудани фаъолияти кадрӣ ба давлат имконият медиҳад, ки дар давраи муайяни таърихӣ вазифаҳои дар наздаш гузошташударо бо сарбаландӣ ба нафъи давлату ҷомеа ҳаллу фасл намояд.

Дар фаъолияти касбии худ кормандони шуъбаи кадрҳо ва котибот санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ, ки ҳуқуқи ҳар инсон ва шаҳрвандро ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат, ҳимояи иҷтимоӣ, музди меҳнат, манъ будани ҳама гуна маҳдудият дар муносибатҳои меҳнатӣ, инчунин ба таҳсил дар муассисаҳои олии касбӣ кафолат додааст, ба роҳбарӣ мегиранд.

Дар таркиби шуъбаи кадрҳо ва котиботи Филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон назорати дохилии ҳуҷҷатҳо амал мекунад. Шуъба тибқи ҷадвали басти воҳидҳои кории тасдиқшуда аз 5 нафар иборат мебошад:

1 мудири шуъба;

1 мутахассис;

1 ҳуқуқшинос;

1 котиб;

1 нозири ҳифзи меҳнат.

Вазифаҳои асосии шуъба:

— ташаккулёбии сифатнок ва истифодаи самараноки иқтидори кадрии муассиса бо назардошти имкониятҳои инкишофи он;

— таҳияи низоми ишғоли мансабҳо ва ҷойҳои корӣ, истифодаи усулҳои илмии омўзиши сифатҳои корӣ ва касбии кормандон ҳангоми интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва банақшагирии пешрафти тахассусии онҳо;

— иҷрои корҳо оид ба мутобиқгардонии касбии кормандони нав, омўзиши сабабҳои ҷойивазкунии кадрҳо, тамоюли тағйирёбии ҳайати коллектив, таҳияи чораҳо оид ба муътадилгардонии шуғли кадрҳо;

— таҳлили мунтазами ҳолати кори кадрӣ дар муассиса ва таҳияи тадбиру пешниҳодҳо оид ба баланд бардоштани натиҷаҳои меҳнатӣ;

— назорати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба фаъолияти муассиса;

— баҳисобгирии ҳайати шахсии кадрҳо ва пешниҳоди ҳисоботҳои муқарраршуда, пешбурди манбаи маълумотҳои захиравии ҳайати шахсии кормандон;

— бо тартиби муқарраргардида гузаронидани аттестатсияи кормандон, таҳлили натиҷаи он ва пешниҳодҳо оид ба такмили гузаронидани он, ҳамчунин таҳияи пешниҳодҳо оид ба ҷойивазшавии самаранок дар вазифаҳо ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусии кормандон;

— ба низом даровардани парвандаҳои шахсии кормандон;

— бақайдгирии мавод, ҳуҷҷатҳои ба муасссиса воридшуда ва ирсолшаванда;

— назорати иҷрои саривақтии ҳуҷҷатҳо ва фармоишҳои роҳбарияти муасссиса ва аризаю пешниҳодҳои шаҳрвандон, ташкилотҳо ва кормандони муасссиса;

— ташкил ва ба роҳ мондани тарзи дурусти истифодабарии ҳуҷҷатҳо;

— назорат ва таъмин намудани иҷрои саривақтии ҷавоби мактубу аризаҳо ва дархосту шикоятҳои ба шуъба воридшуда;

Шуъбаи  кадрҳо ва котибот маркази идораи кадрии муассиса буда, мақсади ниҳоии он фаъолияти муваффақонаи мақоми мазкур, баланд бардоштани қаноатмандии касбию моддии ҳар корманд, ҳифзи сиҳатӣ ва таъмини бехатарии кормандон мебошад.