
ҚУРБОНОВ НЕКРӮЗ НУРАҲМАДОВИЧ-мудири шуъбаи илм ва инноватсия
Шуъбаи илм ва инноватсия дар сохтори Филилаи Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар шаҳри Кӯлоб ҳамчун таъминкунандаи роҳбарӣ ва назорати корҳои илмӣ – таҳқиқотии омӯзгорон, фаъолияти инноватсионӣ, омодакунии кадрҳои илмӣ ва ташкили такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои илмиро дар филиал ба ҳисоб меравад.
Фаъолияти шуъба дорои чунин вазифаҳо мебошад:
- муайян намудани самтҳои асосӣ ва афзалиятноки корҳои илмӣ -таҳқиқотии устодону омӯзгорони кафедраҳои дар асоси мавзуъҳои илмии кафедраҳо;
- тартиб ва танзими шартномаҳо оид ба ҳамкориҳои илмӣ – эҷодӣ;
- таъмини сатҳи зарурии илмӣ — техникии корҳои илмӣ — тадқиқотӣ ва самаранокии онҳо, татбиқи онҳо дар истеҳсолот ва раванди таълим;
- назорати иҷрои нақшаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедраҳо ва нақшаи инфиродии омӯзгорон дар қисмати корҳои илмӣ тадқиқотӣ;
- анҷом додани баҳогузорӣи маҷмӯи ҳарсола ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотии кафедраҳо ва омӯзгорон тибқи тартиби муқарраргардида;
- таҳлил ва баррасии натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва инноватсионии кафедраҳо дар шурои илмӣ-методии филиали Донишкада;
- ба танзим даровардани корҳо дар самти дарёфт, омӯзиш ва тарғиби таҷрибаи пешқадам дар кафедраҳои донишкада ва роҳҳои ҳалли тарғиб намудани он дар курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон;
- ташкил ва гузаронидани конференсия, семинарҳо ва мизҳои мудаввар оид ба масъалаҳои такмили ихтисос;
- талаб намудани ҳисоботҳо аз кафедраҳои донишкада доир ба иҷрои корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва назорат намудани татбиқшавии барномаҳои давлатӣ.
- ташкили намоишгоҳҳои илмӣ ва озмунҳо доир ба дастовардҳои илмӣ-тадқиқотии филиали Донишкада;
- омода намудани ҳисоботӣ илмии семоҳа, шашмоҳа, нуҳмоҳа ва солонаи филиали Донишкада дар асоси ҳисоботҳои илмии кафедраҳо

КАРИМОВА МУНИСА МАҲМАДЗОИРОВНА – сармутахассиси шуъбаи илм ва инноватсия
Нишон
Парчам
Суруди миллӣ



