
МЕҲРАНГЕЗ ИСОХОНЗОДА –мудири шуъбаи таълим
Шуъбаи таълим воҳиди сохтории Филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон буда, дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Донишкада, Тартиби такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф фаъолияти худро дар самти корҳои таълимию методӣ ва илмию таҳқиқотӣ ба роҳ мемонад.
Дар шуъбаи таълим 4 нафар кормандон кору фаъолият намуда истодаанд, ки аз ин шумора 1-нафар мудири шуъба (Меҳрангез Исохонзода), 1 нафар, сармутахассис (Сухайло Холзода) ва 2 нафари дигар мутахассис (Собирзода Хуршед, Алиев Ислом) мебошанд.
Шуъбаи таълим дар салоҳияти худ вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
- Коркарди лоиҳаи нақшаҳои дурнамо (5 сол), солона, нимсола, семоҳа ва дигар нақша чорабиниҳои филиали Донишкада;
- Назорат намудани рафти ташкил ва баргузор намудани курсҳои такмили ихтисос дар Филиали Донишкада дар шаҳри Кӯлоб;
- Таҳияи ҷадвали машғулиятҳои курсҳои такмили ихтисос;
- Таҳияи нақшаи баргузории курсу семинарҳои махсуси Филиали Донишкада дар шаҳри Кӯлоб;
- Ташкил ва баргузор намудани семинарҳои махсус (мақсаднок);
- Назорати машғулиятҳои курсҳои такмили ихтисос;
- Натиҷагирӣ аз таклифу пешниҳодҳои шунавандагони курсҳои такмили ихтисос оид ба мазмун ва мундариҷаи машғулиятҳои лекторон.

СУҲАЙЛО ХОЛЗОДА – сармутахассиси шуъбаи таълим
Нишон
Парчам
Суруди миллӣ



