Баргузории Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2026 “Соли рушди рақамӣ ва инноватсия” ва ҳафтаи илм дар Филиали Донишкадаи такмили ихтисос дар шаҳри Кӯлоб

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф вобаста ба эълон гардидани соли 2026 “Соли рушди рақамӣ ва инноватсия дар такмили ихтисос” ва бахшида ба 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки рӯзи 15-уми апрели соли 2026 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявиро таҳти унвони “Нақши такмили ихтисоси омӯзгорон дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва рушди маҳорати касбӣ дар замони Истиқлолияти давлатӣ” баргузор намояд.

Дар кори конференсия муҳаққиқон, омӯзгорон, магистрантон, докторантон (PhD) ва дигар алоқамандони соҳаи илму маориф метавонанд тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ ширкат варзанд.

Дар конференсия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор мегиранд:

  1. Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумуи соҳаи маориф ва навсозии мундариҷаи таҳсилот;
  2. Нақши Истиқлолияти давлатӣ дар рушди соҳаи маориф;
  3. Воситаҳо ва усули самаранокии рушди касбияти омӯзгорон;
  4. Самтҳои рушду такмили мазмуни таҳсилот дар замони муосир;
  5. Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди соҳаи маориф;
  6. Такмили ихтисоси омӯзгорон: рушд ва дурнамо;
  7. Нақши навсозии мундариҷаи таҳсилот дар баландбардории сифати таълим.
  8. Таҷрибаи пешқадами педагогӣ;
  9. Истифодаи усулҳои фаъоли таълим дар раванди дарс;
  10. Масъалаҳои методикаи таълим; 
  11. Ватандӯстӣ ва арзишҳои миллӣ дар мундариҷаи таҳсилот;
  12. Нақши омӯзгор дар навсозии мундариҷаи таҳсилот;
  13. Нақши роҳбалад (ментор) дар баландбардории маҳорати касбии омӯзгорон;
  14. Истифодаи методҳои интерактивӣ дар таълим.
  15. Аҳамияти омӯзиши фанни “Хониши адабӣ” дар синфҳои ибтидоӣ;
  16. Нақши иттиҳодияҳои методӣ дар рушди маҳорати касбии омӯзгор;
  17. Истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар раванди дарс;
  18. Аҳамияти гузариш ба низоми 10 хола;
  19. Гузариш ба низоми 12 солаи таълим ва аҳамияти он;
  20. Методикаи таълими китобҳои дарсии насли нав аз фанни забони тоқикӣ ва математика барои синфи 5.

Талабот нисбати маърузаҳои барои чоп пешниҳодшаванда:

 Матнҳои ирсолшуда бояд таҳрир ва ба талаботи техникии зерин ҷавобгӯй бошанд:

— ҳуруфи шакли Times New Roman бо андозаи — 14;

— сатри якум — номи маъруза БО ҲАРФҲОИ КАЛОН бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;

— сатри дуюм – насаб, ном ва номи падари муаллиф бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;

— сатри сеюм — номи муассисаи ҷойи кори асосӣ (таҳсил) бобаробаркунии матн дар байни саҳифа;

— фосилаи байни матни маъруза сатрӣ – 1,15 см;

— баробаркунии матн дар саҳифа аз 4 тараф – 2 см;

-баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа, истифодаи ҳиҷобандии калимаҳо мумкин нест;

— ҳаҷми матн бо формула, расм, ҷадвал, рӯйхати адабиёт, аннотатсия ва калидвожаҳо аз 6 то 8 саҳифа;

— ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳатмӣ буда, ба таври [3, с.25; 5, с.33-36] омода карда мешавад, ки дар он рақами дувум рақами тартибии сарчашма дар рӯйхати адабиёт ва рақами дуввум саҳифаи он мебошад;

— рӯйхати адабиёт дар охири матн баъд аз калимаи «АДАБИЁТ» оварда шуда, бо тартиби алифбо омода карда мешавад;

— баъди рӯйхати адабиёт бояд номи маъруза, аннотатсия ва калидвожаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ а англисӣ оварда шаванд;

— дар охир маълумот дар бораи муаллиф — насаб, ном ва номи падар пурра, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, вазифа, ҷойи таҳсил рақами телефон ва почтаи электронӣ бо баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод шаванд);

 Мақолаҳо то санаи 5 апрели соли равон қабул карда мешаванд.

 Забони конференсия: тоҷикӣ ва русӣ.

 Кумитаи тадорукоти конференсия ҳуқуқи таҳрири техникиро дошта, метавонад маърузаҳоеро, ки ба мавзуъ мувофиқ нестанд ва ё бе риояи талаботи техникии пешниҳодгардида омода карда шудаанд, ба муаллифон баргардонад. Маводи конференсия нашр мешавад.

 Суроғаи мо:  735360, шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Ҳамадонӣ 5, Филиали Муассисаи давлатии “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф” дар шаҳри Кӯлоб.

Телефонҳо барои тамос: (+992) 985-03-39-03; (+992) 918-87-10-67.

 Мақолаҳо дар почтаи зерин қабул карда мешаванд. E-mail: saidsho.98@mail.ruАттестатсияи омӯзгорон