Санаи 01.04.2026 дар Филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар шаҳри Кӯлоб семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Рушди маҳорати касбӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ” баргузор гардид. Ҳадафи асосии ин чорабинӣ тақвияти салоҳиятҳои касбии омӯзгори асри XXI, омӯзиши таҷрибаи пешқадами педагогӣ ва рушди муносибатҳои мутақобилан судманд миёни кормандон буд.
Семинар бо сухани ифтитоҳии директори филиал Рустамшозода Шаҳбоз оғоз ёфт. Мавсуф қайд намуд, ки ворид намудани технологияҳои муосир ба раванди таълим ва такмили ихтисос талаби замон буда, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот нақши калидӣ мебозад.
Дар идома, мувофиқи нақшаи чорабинӣ, Каримова Муниса дар мавзуи «Истифодаи барномаҳои зеҳни сунъӣ ва платформаҳои омӯзишии Canva, PowerPoint, Google Meet, Zoom ва Excel» баромад кард. Дар маъруза қайд шуд, ки ин абзорҳои рақамӣ барои ташкили дарсҳои ҷолиб, таҳлили додаҳо ва баргузории муоширати онлайнӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меоранд.
Қисмати дигари семинар ба фазои иттилоотии муассиса бахшида шуд. Қурбонов Некрӯз оид ба платформаҳои рақамӣ, воситаҳои иттилоотӣ ва тарзи дурусти истифодаи сомонаи филиал, каналҳои Телеграм ва Фейсбук маълумоти муфассал пешниҳод намуда, аҳамияти ин шабакаҳоро дар ҷараёни таълим шарҳ дод.
Дар доираи мавзуи «Худомӯзӣ ва фаъолияти менторӣ», Рустамшозода Шаҳбоз суханронӣ намуда, нақши роҳнамоиро дар рушди маҳорати касбӣ муҳим арзёбӣ кард. Ҳамчунин, дар якҷоягӣ бо Рустамзода Саидакрам масъалаҳои методологияи рушди муттасили касбӣ, методикаи таълими китобҳои насли нав ва қоидаҳои тартиб додани тестҳо аз рӯйи салоҳиятҳо баррасӣ шуданд.
Дар фарҷоми семинар хулоса гардид, ки истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ ва омӯхтани таҷрибаи собиқадорон барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва фаъолияти самарабахши кормандони филиал заминаи устувор мегузорад.
Нишон
Парчам
Суруди миллӣ



