Идомаи семинарҳои омӯзишӣ доир ба зеҳни сунъӣ дар Донишкада ва филиалҳои он

Изменить тип или стиль блока

Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030, дар доираи ҳамкориҳо бо лоиҳаи ЮНЕСКО “Таҳкими муносибати босалоҳият ва истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар таълими фанҳои дақиқ, риёзӣ ва таҳсилоти касбӣ-техникӣ”, барои омӯзгорон ва мутахассисони фанҳои табиӣ-риёзии Донишкада ва филиалҳо он семинари омӯзишӣ ҷараён дорад.
Семинари мазкур ба такмили дониш, таҳкими иқтидор ва омодагии омӯзгорон барои ҷорӣ намудани модулҳои курси омӯзиши омехтаи СТИКО ва ҳамгироии зеҳни сунъӣ равона шудааст. Дар ҷараёни он иштирокчиён бо усулҳои муосири таълим, имкониятҳои истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва роҳҳои мутобиқсозии онҳо ба барномаҳои таълимӣ шинос гардиданд.
Ҳадафи асосии семинар баланд бардоштани сатҳи касбият ва малакаи омӯзгорон, мусоидат ба татбиқи усулҳои инноватсионӣ дар раванди таълим ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамгироии зеҳни сунъӣ дар низоми маориф мебошад. Ин иқдом ба рушди устувори маориф ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва ҷомеаи иттилоотӣ мусоидат хоҳад кард.

Изменить выравнивание текста

Показывать больше инструментов для блоков