ТАҶЛИЛИ ИДИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ФИЛИАЛИ ДОНИШКАДА ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Филиали Муассисаи давлатии “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф” дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба иди Наврӯзи байналмилалӣ як қатор чорабиниҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани он ба роҳ монда шудааст.
Имрӯз (13.03.2026) чорабинии идона таҳти унвони “Наврӯз ҷашни ҷаҳонӣ ва рамзи эҳёи табиат” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намоиши дастрахони идона ва анъанаҳои хосии ин ид ташкил карда шуд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии директори Филиал Рустамшозода Шаҳбоз оғоз гардида, тамоми кормандони филиал ва шунавандагони курсҳои такмили ихтисосро ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуданд.